Рузҳои дарҳои кушод

01.11.2019

Ҳафтаи гузашта дар филиалҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе ва Бохтар, рузҳои дарҳои кушод, ки аз ҷониби Бонк ва Фонди амонатгузории Байналмилалии Олмон ташкил карда шудааст, баргузор гардид. Рӯзҳои дарҳои кушод ба Рӯзҳои Байналмиллалии Пасандозҳо рост меоянд, ки соли 1924, дар рӯзи охирини конгресс дар Милан, «ба хотири баргузории нахустин ҷаласаи муассисаҳои амонатии ҳамаи кишварҳо» пайдо шуда буд, профессори итолиёвӣ Филиппо Равитса ҳамасола ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо пешниҳод мекард — # InternationalSavingsDay.

Ба муносибати ин ҷашн, Бонк семинарҳои саводнокии молиявиро бо озмунҳо ва мусиқӣ муттаҳид намуд. Нимаи аввали рӯз кормандони Бонк семинар барои калонсолон ва сипас саёҳат дар бонк гузаронда, тӯҳфаҳо тақдим карданд. Нимаи дуюми рӯз Бонк хонандагони синфҳои 6-11-ро даъват кард, ки барои онҳо инчунин чорабиниҳои фароғатӣ барои баланд бардоштани савияи молиявӣ, озмунҳои шавқовар барои расмҳои беҳтарин ва сафари бонк ташкил шуда буд. Се ҷойҳои ҷоизадор дар шакли шаҳодатномаҳои ҳадяӣ бо арзиши 200 сомонӣ, 150 сомонӣ ва 100 сомонӣ, ки ғолибон дар ҳисобҳои амонатии худ дар бонк гирифтаанд, супорида шуданд. Ғайр аз семинарҳо ва озмунҳо дар саҳни ҳавлии филиалҳо, стендҳои таблиғотии тақсимотӣ ва тӯҳфаҳои гуногун барои кӯдакон ва калонсолон тақдим карда шуданд.

Дар охири чорабинӣ, ҳамаи меҳмонон ба як пиёла чой ва мизи ширин даъват карда шуданд.

Рузҳои дарҳои кушод — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот