Се бонуи Бонк унвони беҳтаринро соҳиб гаштанд!

22.05.2023

Дар озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон баргузор карда шуд, се бонуи (корманди) Бонк: Ҳуринисо Шарипова – мутахассиси қарзҳои соҳибкории хурду миёна дар филиали шаҳри Бохтар (МХБ-и ноҳияи Шаҳритус) дар номинатсияи “Корманди қарзии беҳтарин”, Мавҷуда Икромбекова менеҷери шуъбаи хизматрасонии мизоҷон дар филиали шаҳри Душанбе дар номинатсияи “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ” ва Бозорова Певистамо — мутахассиси калони хизматрасонии мизоҷон дар филиали шаҳри Душанбе дар номинатсияи “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ” ғолиб дониста шуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади кашфи занони боистеъдод ва муваффақ, ки дар соҳаи бонкдорӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд ва инъикоси маълумот оиди фаъолияти онҳо аз рӯйи 5 номинатсия гузаронида шуд.

Мо ба ин бонувони азиз ғолибиятро табрик гуфта, барояшон боз ҳам комёбиҳои беназирро таманно мекунем.

Се бонуи Бонк унвони беҳтаринро соҳиб гаштанд! — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот