Се иқдоми қарзӣ бо маблағи то 3 000 000 сомонӣ

02.06.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” меъёри фоизиро паст намуда, дар ин давра се иқдоми қарзии гуногунсамт — “Занони соҳибкор – 2023”, “Рушди истеҳсолот” ва иқдоми махсуси қарзӣ оид ба дастгирии савдо ва хизматрасониро барои доираи васеи соҳибкорон ва ташкилотҳои хурду миёна, занони соҳибкор ва дигар қарзгирандагоне, ки ба савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод менамояд. Иқдомҳои қарзӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории бонувон, рушди соҳаи саноат ва мусоидат ба соҳибкории хурду миёнаи кишвар нигаронида шудааст. Иқдомҳои мазкур бо беҳтарин имтиёзҳо ба соҳибкорони гуногун пешниҳод карда мешаванд:

  1. “Занони соҳибкор – 2023” то 3 миллион сомонӣ

Иқдоми мазкур барои занони соҳибкор ва ширкатҳое, ки роҳбар ва муассиси он зан мебошад, бо асъори миллӣ аз 17 фоиз солона ва ба муҳлати 24 моҳ пешниҳод мегардад. Дар доираи он бонувони соҳибкор метавонанд то 3 миллион сомонӣ қарз гиранд.

Дар иқдом таҷриба ва собиқаи қарзии соҳибкорбону ба назар гирифта шуда ва дар асоси он имтиёзҳо низ пешниҳод карда мешавад.

  1. “Рушди истеҳсолот” то 3 миллион сомонӣ

Иқдоми қарзии мазкур ба соҳибкороне, ки дар соҳаи саноат ба истеҳсоли хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, пешниҳод карда мешавад.

“Рушди истеҳсолот” барои пешбурд ва дастгирии соҳаи саноати мамлакат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ —  саноатикунонии босуръати кишвар пешбинӣ шудааст.

Дар доираи “Рушди саноат” то 3 миллион сомонӣ қарзҳо бо асъори миллӣ аз 18 фоиз солона ва ба муҳлати 48 моҳ пешниҳод карда мешавад.

  1. Иқдоми махсуси қарзӣ то 3 миллион сомонӣ

Иқдоми мазкур ба соҳибкороне, ки ба савдо ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод мегардад.

Дар доираи он соҳибкорон метавонанд, то 3 миллион сомонӣ қарзро бо асъори миллӣ аз 15 фоиз солона ва бо гарави тилло ба даст оранд.

Иқдоми мазкур ба дастгирии соҳибкории хурду миёна дар кишвар нигаронида шудааст.

Бояд гуфт, ки ин се иқдоми қарзии Аввалин бонки молиявии хурд бар асоси назари коршиносони соҳаи қарзӣ яке аз беназиртарин иқдомҳо ба ҳисоб рафта, барои рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳанд кард.

 Ёдовар мешавем, Аввалин бонки молиявии хурд илова ба дафтари марказии худ дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар минтақаи Рашт — ноҳияи Ғарм, ВМКБ — шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон — шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар дар маҷмуъ 8 филиал ва дар саросари кишвар 36 маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) дорад, ки шумо метавонед барои гирифтани қарзҳои мазкур ва дигар хазматрасониҳои бонкӣ ба онҳо муроҷиат намоед.

Барои рушд ва пешбурди ҳама гуна тиҷорат дар тамоми соҳаҳои фаъолият дастгирии бахши молиявӣ муҳим ва зарур донста мешавад. Имрӯз, Аввалин бонки молиявии хурд барои қонеъ гардонидани интизориҳои муштариён, таъмини захираҳои молиявии дастрас ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста кӯшиш менамояд.

Аввалин бонки молиявии хурд шарики рушди шумо аст!

www.fmfb.tj

Маркази тамос: 0909

Се иқдоми қарзӣ бо маблағи то 3 000 000 сомонӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот