Эълони тендер оиди озмуни интихоби ширкати рекламавӣ доир ба табъу нашри маводҳои рекламавӣ
Эълони тендер оиди озмуни интихоби ширкати рекламавӣ доир ба табъу нашри маводҳои рекламавӣ
ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” хоҳишмандонро барои иштирок дар тендер оиди интихоби ширкати рекламавӣ доир ба табъу нашри маводҳои рекламавӣ ба монанди чопи рекламаҳо оиди маҳсулоти бонкӣ, номи идораҳо (лавњањо), сувенирҳо ва ғайра даъват менамояд.
Аз ҳамаи ҷонибҳои иштирокдор талаб карда мешавад, ки оиди сифати маҳсулотҳо маълумоти пурра пешниҳод намоянд ва тавсифномаҳо аз ширкатҳое, ки ба онҳо хизматрасони пешниҳод намудаанд бо бастаи ҳуҷҷатҳо пешниҳод намоянд.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ метавонанд ба рақами 2279170 ва 93 916 0001 муроҷиат намоянд.
Хоҳишмандон ва иштирокчиёни тендер нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро (портфолио) дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, пешниҳод намоянд.
Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 31-уми октябри соли 2021.