Менеҷери назорати қарзҳо, ш. Бохтар

Job type: Рӯзи пурраи корӣ
Job location: Бохтар

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ҷои кори холии вазифаи Менеҷери назорати қарзҳо-ро барои филиали бонк, воқеъ дар ш. Бохтар эълон менамояд.

Вазифаҳои асосии корӣ:

• Иштирок ва қабули қарор дар кумитаи қарзии филиал;

• назорати риояи талаботи кумитаи қарзии филиал ва ТМХ-и тобеи онҳо;

• Назорати сифати таҳлили пеш аз қарз дар асоси талаботи Дастурамал оид ба амалиёти қарзӣ;

• Назорати сифати баҳодиҳии гарав дар асоси талаботи Дастурамал оид ба амалиёти қарзӣ;

• Назорати мониторинги қарзхо баъди додани қарз дар асоси талаботи Дастурамал оид ба амалиёти қарзӣ;

• Назорати сифат ва фаъолияти коршиносони қарзии филиал ва ТМХ-и тобеи он;

• Назорати сифат ва фаъолияти кормандони мониторинги қарзии филиал ва ДМХ-и тобеи он;

• Арзёбии маъмурони калони қарз ва кормандони мониторинги қарзии филиалҳо;

• Ҳамкор дар татбиқи нақшаҳои чорабиниҳои Раёсати назорати қарзии филиал;

• Пешниҳоди ҳисоботи шӯъбаи назорати қарзҳои филиал ба Сарбонк;

• Иҷрои дархостҳо, супоришҳо ва талаботи Роҳбари Департаменти назорати қарзӣ;

Талаботҳо:

• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ

• Таҷрибаи зиёда аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ

• Хуб донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ афзалият дорад;

• Дониши хуби қонунгузории маҳаллӣ;

• Дониши хуби Низомномаи Бонки миллии Тоҷикистон;

• Малакаҳои хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;

• Маҳорати хуби барномаи Excel;

• Малакаҳои аълои молия ва ҳисобдорӣ.,

Шумо метавонед ба ин вазифа бо истифода аз шакли пешниҳоди ин саҳифа муроҷиат намоед ё метавонед резюмеи худро тавассути почтаи электронии hr@fmfb.com.tj  бо нишон додани номи вазифа дар сатри мавзӯъ ирсол намоед.
Танҳо номзадҳои соҳибихтисос ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

 

Откликнуться на эту вакансию

Поддерживаемые типы файлов: .pdf, .doc, .docx
Менеҷери назорати қарзҳо, ш. Бохтар — Первый Микрофинансовый Банк Таджикистана

Новости

Share via
Copy link
Powered by Social Snap