Мутахассис оид ба МҚД/МТ

Закрытие: Май 12, 2024
Job type: Рӯзи пурраи корӣ
Job location: Душанбе

Аввалин бонки молиявии хурд барои ишғоли ҷойи корӣ ба вазифаи Мутахасис оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Саридораи бонк дар ш.Душанбе эълон менамояд.

Вазифаи асосӣ – саривақт муайян намудан ва баҳо додани хавфҳои МҚД/МТ, гуруҳбандӣ намудани мизоҷон аз рӯи хавф, таҳлил намудани тамоми амалиётҳои бонкӣ аз нигоҳи МҚД/МТ, омода намудани ҳисоботҳои лозима ва омӯзонидани кормандон дар ин самт.

Талаботҳо:

• Маълумоти олии иқтисодӣ;

• На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар дар сохторҳои амалиётӣ ё хавфи ташкилотҳои қарзӣ;

• Донистани тамоми талаботҳои қонунҳои соҳаи бонкӣ, махсусан қонун ва дастурамалҳои БМТ дар самти МҚД/МТ;

• Доштани маҳорати баланди таҳлил намудани амалиётҳои бонкӣ аз нигоҳи МҚД/МТ.

• Таҷрибаи кор бо Microsoft Office (Word, Excel, PowerPoint);

• Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи олӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;

• Mаҳорати ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ.

Шумо метавонед ба ин вазифа бо истифода аз шакли пешниҳоди ин саҳифа муроҷиат намоед ё метавонед резюмеи худро тавассути почтаи электронии hr@fmfb.com.tj  бо нишон додани номи вазифа дар сатри мавзӯъ ирсол намоед.

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Откликнуться на эту вакансию

Поддерживаемые типы файлов: .pdf, .doc, .docx
Мутахассис оид ба МҚД/МТ — Первый Микрофинансовый Банк Таджикистана

Новости

Share via
Copy link
Powered by Social Snap