Мутахассиси мониторинги қарзҳо, ш. Хуҷанд

Job type: Рӯзи пурраи корӣ
Job location: Хуҷанд

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” вазифаи Мутахассиси мониторинги қарзҳо барои филиали бонк дар ш. Хуҷанд эълон менамояд.

Ишғолкунандаи вазифаи мазкур барои гузаронидани мониторингҳои пеш аз тавзеъи қарзҳо, баъд аз тавзеъи қарзҳо, таъмин намудани санҷиши сифати фаъолияти коргузории кормандони қарзӣ дар мувофиқа бо талаботҳои стандартии дохилии Бонк ва барои кохиш додани хавфҳои амалиётҳои қарзӣ вазифадор мебошад.

Вазифаҳои асосӣ:

  1. Гузаронидани мониторинги истифодабарии қарзҳо;
  2. Гузаронидани мониторинги доимии қарзҳо;
  3. Гузаронидани мониторинги молиявии қарзҳо;
  4. Гузаронидани мониторинги тасдиқи бақияи қарзҳо;
  5. Гузаронидани санҷиши мизоҷ пеш аз тавзеъи (СМПТ) қарзҳо;
  6. Гузаронидани нархгузории гарав;
  7. Гузаронидани азнавбаҳогузории гарав;
  8. Таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи умумии ҷамъбастӣ оиди натиҷаҳои мониторинг ба шуъбаи Назорати қарзҳои Сарбонк;
  9. Пешниҳод намудани тавсияҳои машваратӣ оиди кам намудани хавфҳои амалиётии қарзӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ба шуъбаи Назорати қарзҳои Сарбонк;

Талаботҳо:

  • Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё Бонкдорӣ;
  • На камтар аз 1 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши қарздиҳӣ дода мешавад;
  • Дониши хуби забони точикӣ, русӣ ва бартарият ба забони англисӣ.
  • Малакаҳои қавии риёзӣ ва таҳлилӣ;
  • Малакаҳои олии компютерии одатан аз тарафи Бонк талабшуда;
  • Дигар омилҳои асосӣ:

Шумо метавонед ба ин вазифа бо истифода аз шакли пешниҳоди ин саҳифа муроҷиат намоед ё метавонед резюмеи худро тавассути почтаи электронии hr@fmfb.com.tj  бо нишон додани номи вазифа дар сатри мавзӯъ ирсол намоед.
Танҳо номзадҳои соҳибихтисос ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

 

Откликнуться на эту вакансию

Поддерживаемые типы файлов: .pdf, .doc, .docx
Мутахассиси мониторинги қарзҳо, ш. Хуҷанд — Первый Микрофинансовый Банк Таджикистана

Новости

Share via
Copy link
Powered by Social Snap