ҚАРЗҲО БАРОИ КИШОВАРЗӢ
Қарзҳои кишоварзӣ маҳз барои деҳқонон барои кишти зироат, чорводорӣ, боғкорӣ, коркард — захиракунӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.
Барои гирифтани қарз мӯҳлати фаъолияти дехконон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ набояд аз 1 сол кам бошад.
Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо
Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ, хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра
Маблағи минималӣ: Ҳамарзиши 100 Доллари ИМА бо сомонӣ
Маблағи максималӣ: Ҳамарзиши 100 000 Доллари ИМА бо сомонӣ
Асъор: Танҳо бо Сомонӣ
Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра.
Мӯҳлати минималӣ: 3 моҳ
Мӯҳлати максималӣ: 18 моҳ
Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ:
Зироаткорӣ – 9 моҳ,
Чорводорӣ – 6 моҳ
Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад
Хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра
Мӯҳлати минималӣ: 6 моҳ
Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ
Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 9 моҳ
Саҳми қарзгиранда: то 30%
Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ, хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра
Зомин:
Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 2 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;
Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 4 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;
Гарав: Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав
Фоизҳои қарзӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ
Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ
Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи бақияи қарз
Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет
Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад
Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ:
- Маҳсулоти кишоварзӣ афзалияти зиёд дорад, аз ҷумла мӯҳлати қарзӣ ва имтиёзии дароз, ки деҳқононро дар мавсимиҳои фаъолиятҳои кишоварзӣ дастгирӣ менамоянд;
- Хариду фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ метавонад ҳам ба фаъолияти кишоварзӣ дохил шавад ва ҳам ба соҳаи савдо;
- Ба хотири ҳимояи деҳқонон аз хавфи асъорӣ қарзҳои кишоварзӣ танҳо бо асъори миллӣ пешниҳод карда мешаванд;
- Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
- Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
- Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
- Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
- Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
- Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.