Таваҷҷуҳ! Интиқол тавассути низоми  Юнистрим минбаъд танҳо бо рубл сурат мегирад

14.09.2023

Мизоҷони муҳтарам, Аввалин бонки молиявии хурд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки низоми Юнистрим амалиётҳои интиқолиро бо доллари ИМА ва евро қатъ мекунад.

Минбаъд амалиётҳои интиқолӣ тариқи низоми пардохтии Юнистрим бо рубли русӣ сурат мегиранд.

Ҳамзамон иброз медорем, ки агар қаблан амалиёти интиқолиро бо доллари ИМА ва евро анҷом дода ва онро бо мушкилиҳо бо асъори интиқолгардида ба даст наоварда бошед, метавонед то 30-уми сентябр бозпас гиред.

Барои маълумоти бештар ба рақами 0909 занг занед.

Таваҷҷуҳ! Интиқол тавассути низоми  Юнистрим минбаъд танҳо бо рубл сурат мегирад — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот