Эълони тендер оиди хариди мошинкаи пулҳисобкунак

16.08.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) хоҳишмандонро барои иштирок дар тендер оиди хариди 1 адад мошинкаи пулҳисобкунаки 6+ киссагӣ бо талаботҳои дар зер қайдгардида даъват менамояд.

Талаботи ҳадди аққал:

  • Шумораи ҷайбҳо 6+;
  • Ҳисобкунии маҷмӯи омехта;
  • Санҷиши воқеии пулҳои коғазӣ дар ҳама шакл бидуни истисно:
  • Мураттабсозии сатҳии гуногун аз рӯйи фарсудашавӣ (кӯҳнашавӣ, лойолуд, доғдор, дарбеҳшуда, сӯрохдор, дарбеҳшуда бо скоч ва дигар часпакҳо ва ғайра);
  • Ҷудокунӣ аз рӯйи арзиши номиналӣ;
  • Ҷудокунӣ аз рӯйи ҷиҳатгирӣ;
  • Ҷудокунӣ аз рӯйи соли барориш;
  • Рақамҳои силсилавиро ба шакли онлайн муқоиса, тафтиш ва чоп намоед;
  • Ҷудокунӣ барои банкоматҳо (АТМ);
  • Санҷиши асъор USD, EUR, RUB;
  • Дастрасӣ ба компютер ва дастгоҳи чоп;
  • Модули бандер.

Ҳамаи хоҳишмандон бояд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати 2 соат ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавоби иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, равон намояд (варианти электронии пешниҳод бояд пурра бошад).

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронӣ бо гузоштани парол (дар рузи кушодани нархномаҳо паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони Менеҷер оиди хавҳои ТИ +992 938844373 фиристонда мешавад) равон намоед. Вобаста ба рузи баррасии нархҳо ба воситаи почтаи электрони огоҳ карда мешавад.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 24-уми августи соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди хариди мошинкаи пулҳисобкунак — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот