Иштироки кормандони Бонк дар семинар оид ба “Қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани онҳо”

13.10.2023

Дирӯз (12-уми октябр) бо иштироки намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар семинар дар мавзӯи “Қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани онҳо” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Аввалин бонки молиявии хурд низ иштирок намуданд.

Дар семинар масъалаҳои нигаронидани рӯёниш тавассути суд ба предмети гарави молу мулки манқул ва ғайриманқул, хусусиятҳои пешниҳоди даъво бо судҳои салоҳияти умумӣ, таҷрибаи судӣ дар ин самт, хусусиятҳои пешниҳоди даъво ба судҳои иқтисодӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ, тартиб ва хусусиятҳои хоси танзимнамоии қонунгузорӣ ва ғайра аз ҷониби намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ омӯзонида шуд.

Дар фарҷоми семинар намояндагони Аввалин бонки молиявии хурд барои ба даст овардани нишондиҳандаи хуб дар соли гузашта дар ин самт қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки семинари мазкур аз ҷониби Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон дар назди Ассотсиатсияҳои ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Иштироки кормандони Бонк дар семинар оид ба “Қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани онҳо” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот