Эълони тендер оиди таъмири идора

20.07.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) хоҳишмандонро барои иштирок дар тендер оиди таъмири дарунии бино, корҳои электрикӣ, системаи камераҳои мушоҳидавй ва системаи бонги хатар, телефону интернет, системаи ҳавокашӣ, кондесионер, мебел, пардаҳо (жалюзи), панҷараҳои оҳании идораи навифилиали ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ш. Хоруғ даъват менамояд.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба АБМХ ба суроғаи дар зер қайдшуда ва рақамҳои телефонии зикргардиа муроҷиат намоянд.

Ҳамаи хоҳишмандон бояд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати 2 соат ҷавоб гардонидамешавад. Баъд аз мактуби ҷавобӣ, иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, равон намояд (варианти электронии пешниҳод бояд пурра бошад).

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронӣ бо гузоштани парол (дар рузи кушодани нархномаҳо паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони ив Роҳбари департаменти идоракунии хавфҳо +992936000010 фиристонда мешавад) равон намоед. Вобаста ба рузи баррасии нархҳо ба воситаи почтаи электрони огоҳ карда мешавад.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 30-уми июли соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди таъмири идора — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот