Аввалин бонки молиявии хурд дар муаррифии лоиҳаи “GEFF ТОҶИКИСТОН II”-и БАТР

29.09.2023

“САРМОЯГУЗОРИИ САБЗ – ИҚТИСОДИ САБЗ: БОНКИ БА ESG НИГАРОНИДАШУДАРО ИНТИХОБ НАМО!” — бо чунин унвон cанаи 26-уми сентябр Аввалин бонки молиявии хурд дар чорабинии “GEFF ТОҶИКИСТОН II” (шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи Hyatt Regency) иштирок намуда, маҳсулотҳои худро, ки ба дастгирии ESG ва сармоягузории сабз равона шудаанд, ба намоиш гузошт.

Дар чорабинӣ раиси Бонк — Сафаров Мирзосафар ва дигар намояндагони он низ ҳузур доштанд.

Чорабинии муаррифии “GEFF ТОҶИКИСТОН II” аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барпо гашта ва дар он намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи GEFF-и БАТР фаъолияти худро соли 2006 оғоз намуда ва ҳоло дар 29 кишвари ҷаҳон амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” фаъолияти худро дар ҳама самт ба дастгирии ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди сабз равона сохтааст.

Имрӯзҳо Бонк дар доираи иқдоми қарзии “Идона” қарзҳои кишоварзиро барои деҳқонон, ки ба кишти зироат, чорводорӣ, боғкорӣ, коркард — захиракунӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, пешниҳод намудааст. Дар доираи иқдом қарзҳои гуногун аз 1 000 то 1 000 000 сомонӣ пешниҳоди мизоҷон мегардад.

Аввалин бонки молиявии хурд дар муаррифии лоиҳаи “GEFF ТОҶИКИСТОН II”-и БАТР — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот