Ташрифи меҳмонон ба гӯшаи Бонк дар намоишгоҳ

04.05.2024

Бонк имрӯз ҳам хизматрасониҳои худро дар Намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии универсалӣ — «Тоҷикистон -2024» ба намоиш гузоштааст.

Субҳи рӯз вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир ба гӯшаи Бонк дар Намоишгоҳ ташриф оварда ва аз иқдомҳои қарзии Бонк тавсиф намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Аввалин бонки молиявии хурд аз 3-ум то 5-уми май дар қатори 65 ширкату корхонаҳо аз Тоҷикистон, Белорус, Русия, Туркманистон, Эрон, Туркия, Фаластин ва Ӯзбекистон хизматрасониҳои худро дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе ба намоиш мегузорад.

 

Ташрифи меҳмонон ба гӯшаи Бонк дар намоишгоҳ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот