Қатъи хизматрасонӣ бо ҳамёни электронии «Tezsum»

07.02.2024

Мизоҷи муҳтарам,

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки бо сабаби қатъ шудани хизматрасонӣ тариқи ҳамёни электронии «Tezsum» шартнома ва созишномаҳое, ки бо Шумо дар доираи хизматрасонии мазкур баста шудаанд, қатъ мегарданд.

Шумо метавонед, бақияи маблағи тавозуни худро бо роҳҳои зерин ба даст оред:

  1. Гирифтани маблағи бақия бевосита аз хазинаҳои Бонк;
  2. Гузаронидани маблағи бақия ба тавозуни ҳамёни электронии нав FMFB Mobile;
  3. Гузаронидани маблағи бақия ба тавозуни сим-корти телефони мобилии Шумо.

Дар сурати агар дар давоми 30 (сӣ) рӯз баъд аз гирифтани хабарномаи мазкур, Шумо маблағи бақияи худро аз хазинаҳои Бонк нагиред ё ки маблағи бақия ба тавозуни ҳамёни электронии нав гузаронида нашавад, маблағҳои бақия ба тавозуни сим-корти телефони мобилии Шумо газаронида мешавад.  

Агар саволе ба миён ояд, лутфан ба Маркази алоқаи Бонки мо муроҷиат намоед.

Тамос:

Рақами телефон — 0909

Рақами месенҷер – 771110111

Суроғаи филиалҳо ва МХБ-ҳо:

Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон — Филиалҳо ва Марказҳои хизматрасонии бонкӣ (fmfb.tj)

Қатъи хизматрасонӣ бо ҳамёни электронии «Tezsum» — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот