Иштироки Роҳбари Бонк дар 14-умин нишасти солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии бонкдорӣ оид ба ҳифзи арзишҳо дар шаҳри Ню-Йорк.

27.04.2023

 

Аз 18-ум то 20-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаласаи солонаи Алянси ҷаҳонии бонкдорӣ оид ба ҳифзи арзишҳо (Global Alliance for Banking on Values (GABV) бо иштироки зиёда аз 200 нафар намояндагони (узв ва шарикони Global Alliance for Banking on Values) бонкҳои муътабар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он Раиси ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” Мирзосафар Сафаров низ иштирок намуданд.

 

Мизбони нишасти солонаи чорабинии мазкур яке аз бузургтарин ва пешрафтатарин бонки Амрико — Емалгаметид (Amalgamated Benk) гардид. Бонки мазкур ҳамчунин, ҷашни 100-умин солгард дошт.  

Мавзӯи нишасти солона — “Бонкдорӣ дар ояндаи ҳассос” буда, дар он аз ҷумла афзоиши чолишҳои иҷтимоӣ ва экологӣ ва эҳтиёҷоти талошҳои ҷудогона барои расидагӣ ба онҳо баррасӣ гаштанд. 

Ба назари нишаст, бонкҳои ба арзиш асосёфта метавонанд, ки дар системаи бонкӣ тағйироти мусбат ба вуҷуд оранд ва ба миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон кумак расонанд. 

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои солонаи Алянси ҷаҳонии бонкдорӣ оид ба ҳифзи арзишҳо (Global Alliance for Banking on Values (GABV) яке аз нишастҳои муҳим ва боарзиши соҳаи бонкдорӣ дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар ин ҷаласаҳо коршиносони соҳа ва роҳбарони баландпояи бонкҳо аз кишварҳои мухталифи олам иштирок намуда, мавзӯҳои муҳимро ба баррасӣ мекашанд. Ҳамчунин, дар нишасти солона узви нави Алянси ҷаҳонии бонкдорӣ оид ба ҳифзи арзишҳо қабул карда шуда ва баргузории ҷаласаи баъдина дар бонки дигар муайян мегардад.

Иштироки Роҳбари Бонк дар 14-умин нишасти солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии бонкдорӣ оид ба ҳифзи арзишҳо дар шаҳри Ню-Йорк. — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот