Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон 2023»

31.10.2023

Аввалин бонки молиявии хурд дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон 2023», ки рӯзҳои  26-29-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.

Дар Намоишгоҳ истеҳсолкунандагони молу хизматрасонӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Чин, Покистон ва Туркия дар маҷмуъ зиёда аз 50 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ молу хизматрасониҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон 2023» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

 

 

 

Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон 2023» — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот