Қарзҳо дар доираи иқдоми “Идона”

12.09.2023

Қарзҳои соҳибкорӣ

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” қарзҳои соҳибкориро барои доираи васеи соҳибкорон ва ташкилотҳои хурду миёна, занони соҳибкор ва қарзгирандагоне, ки ба савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод менамояд.

Самтҳои маблағгузорӣ:

  • Зиёд намудани воситаҳои гардон;
  • Дастгирии пардохтпазирӣ;
  • Хариди воситаҳои асосӣ (таҷҳизот, бинои соҳибкорӣ);
  • Рушди соҳибкорӣ;
  • Зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ.

Асъори қарз: Танҳо бо cомонӣ

Маблағи қарз: Аз 500 000 то 3 000 000 сомонӣ;

Муҳлати қарз:

  • Минималӣ – 3 моҳ;
  • То 24 моҳ барои воситаҳои гардон;
  • То 48 моҳ барои воситаҳои асосӣ.

Фоизи солона барои қарзҳои аз 500 000 то 1 000 000 сомонӣ:

Намуди гарав Стандартӣ Бартаринок Намунавӣ
Бинои соҳибкорӣ ё хона (квартира) дар шаҳр 22% 21% 20%
Ҳавлӣ дар шаҳр ё бинои соҳибкорӣ дар шаҳрак 24% 23% 22%
Хона (квартира) ё ҳавлӣ дар шаҳрак 25% 24% 23%

 

Фоизи солона барои қарзҳои зиёда аз 1 000 000 то 3 000 000 сомонӣ:

Намуди гарав Стандартӣ Бартаринок Намунавӣ
Бинои соҳибкорӣ ё хона (квартира) дар шаҳр 21% 20% 20%
Ҳавлӣ дар шаҳр ё бинои соҳибкорӣ дар шаҳрак 23% 22% 21%
Хона (квартира) ё ҳавлӣ дар шаҳрак 24% 23% 22%

 

Агар муҳлати қарз то 18 моҳ бошад, он гоҳ боз 1 фоиз тахфиф пешниҳод карда мешавад, аммо фоизи минималӣ аз 20 фоиз кам шуда наметавонад.

________________________________________________________________________

* Стандартӣ — Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки бо Бонк зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ дошта,  дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи дермонӣ доранд;

* Бартаринок — Мизоҷоне, ки бо Бонк на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ дошта ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи дермонӣ доранд;

* Намунавӣ — Мизоҷоне, ки бо Бонк на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ дошта  ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.

 

Қарзҳои кишоварзӣ

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” қарзҳои кишоварзиро барои деҳқонон, ки ба кишти зироат, чорводорӣ, боғкорӣ, коркард — захиракунӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, пешниҳод менамояд.

Самтҳои маблағгузорӣ:

  • Зироаткорӣ;
  • Чорводорӣ;
  • Боғкорӣ;
  • Хариди воситаҳои ғайри гардон;
  • Коркарди ҳосил;
  • Беҳтар намудани шароити нигаҳдории ҳосил.

Асъори қарз: Танҳо бо сомонӣ

Маблағи қарз:  Аз 1 000 то 1 000 000 сомонӣ;

Муҳлати қарз:

  • Минималӣ – 3 моҳ;
  • То 18 моҳ барои зироаткорӣ, чорводорӣ ва боғкорӣ;
  • То 48 моҳ барои хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил.

Муҳлати имтиёз:

  • Зироаткорӣ, хариди воситаҳои ғайри гардон ва беҳтар намудани шароити нигаҳдории ҳосил – 9 моҳ;
  • Чорводорӣ – 6 моҳ;

Фоизи солона барои қарзҳои кишоварзӣ то 500 000 сомонӣ:

Намуди гарав Стандартӣ Бартаринок Намунавӣ
Бинои соҳибкорӣ ё хона (квартира) дар шаҳр 22% 21% 20%
Ҳавлӣ дар шаҳр ё бинои соҳибкорӣ дар шаҳрак 24% 23% 22%
Хона (квартира) ё ҳавлӣ дар шаҳрак 25% 24% 23%
Бинои соҳибкорӣ ё ҳавлӣ дар деҳот 25% 24% 23%
Бе гарав ё бо гарави манқул 25% 24% 23%

Фоизи солона барои қарзҳои кишоварзӣ аз 500 000 то 1 000 000 сомонӣ:

Намуди гарав Стандартӣ Бартаринок Намунавӣ
Бинои соҳибкорӣ ё хона (квартира) дар шаҳр 21% 20% 20%
Ҳавлӣ дар шаҳр ё бинои соҳибкорӣ дар шаҳрак 23% 22% 21%
Хона (квартира) ё ҳавлӣ дар шаҳрак 24% 23% 22%

Барои қарзҳое, ки маблағи онҳо аз ҳамарзиши 10 000 доллари ИМА бо сомонӣ зиёд мебошанд, агар муҳлати қарз то 18 моҳ бошад, он гоҳ боз 1 фоиз тахфиф пешниҳод карда мешавад, аммо фоизи минималӣ аз 20 фоиз кам шуда наметавонад.

________________________________________________________________________

* Стандартӣ — Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки бо Бонк зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ дошта ва дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи дермонӣ доранд;

* Бартаринок — Мизоҷоне, ки бо Бонк на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ дошта ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи дермонӣ доранд;

* Намунавӣ — Мизоҷоне, ки бо Бонк на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ дошта ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.

 

Қарзҳои экспресс

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” қарзҳои экспрессро барои доираи васеи соҳибкорони хурду миёна, деҳқонон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, ки ба сифати гарав пули нақд ё тилло пешниҳод мекунанд, пешниҳод менамояд.

Самтҳои маблағгузорӣ:

Қарзҳои экспресс барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни мизоҷон ба монанди рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва кишоварзӣ, хариди молҳои истеъмолӣ, таҳсил, табобат, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ, саёҳат, таъмири манзил, хариди нақлиёт ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Асъори қарз: танҳо бо доллари ИМА

Маблағи қарз:  Аз 100 то 100 000 доллари ИМА;

Муҳлати қарз: 6 моҳ;

Муҳлати имтиёз: 2 моҳ;

Фоизи қарз: 7% солона.

Қарзҳо дар доираи иқдоми “Идона” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот