Эълони тендер оиди интихоби ширкат доир ба харид ва сохтани мебел

20.12.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) тендер оиди интихоби ширкат вобаста ба харид ва сохтани мебел, эълон менамояд.

Ширкатҳо метавонанд нархҳо барои ҳама навъи мебелҳо (аз қабили миз, курсӣ, кресло, диванҳо, ҷивонҳои оҳанӣ ва мебелӣ, файл кабин, сейф ва ғайра) бо андозаҳои стандартӣ, навъи маҳсулот, муҳлати дастраст кардан ва ё сохтан, муҳлати кафолат ва дигар маълумотҳои заруриро дар пешниҳоди тиҷоратиашон, пешниҳод намоянд.

Талаботҳои ширкат:

  1. Ширкат бояд дар вақтҳои муқарраргардида мебелҳоро таъмин карда тавонад;
  2. Сари вақт иваз кардани мебелҳои пастсифат ва ба талабот мувофиқ набуда;
  3. Аз ҷиҳати молиявӣ устувор будан (қобилияти таъмини мол бидуни пардохти пешакӣ);
  4. Доштани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ;

Нархномаҳо ва ҳамаи бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10 равон намояд.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати кутоҳтарин ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавобӣ иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронии дар зер қайдгардида бо гузоштани парол, равон намоед (шакли электронии пешниҳод бояд пурра бо дар бар гирифтани бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бошад). Дар рӯзи кушодани нархномаҳо ба ширкатҳо занг зада шуда аз онҳо талаб карда мешавад, ки паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони ив Роҳбари департаменти идоракунии хавфҳо +992 936000010 равон намоед.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 28 декабри соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди интихоби ширкат доир ба харид ва сохтани мебел — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот