Дар ҷашни 5-солагии “Илмхона”

02.08.2023
Аввалин бонки молиявии хурд шоми дирӯз (28-уми июл) дар ҷашни 5-солагии Маркази таълимии “Илмхона”, ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи технологияи муосир таъсис ёфтааст, ҳузур дошт.
Дар чорабинии шомгоҳии Марказ ёвари шуъбаи кор бо кормандон ва омӯзишҳои Бонк – Рухшона Файзуллоева оиди ҳамкории Аввалин бонки молиявии хурд бо “Илмхона” дар таваҷҷуҳ ба мутахассисони омоданамудаи он сухан гуфта ва ба ояндаи дурахшони ин маркази таълимӣ умед баст.
Аввалин бонки молиявии хурд барои ҳама гуна ҳамкориҳои судманд омода буда ва мутахассисони ҷавонро ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Дар ҷашни 5-солагии “Илмхона” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот