Ҷиҳати татбиқи Фармон як соат дарозтар кор мекунем

03.08.2023

Аввалин бонки молиявии хурд ҷиҳати иҷро ва татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар асоси дастури Бонки миллии Тоҷикистон реҷаи кории худро то рӯзи 4-уми август як соат дарозтар мекунад.

Акнун филиали Бонк шаҳри Душанбе (кӯчаи Шевченко 113), филиали Бонк дар ноҳияи Сино (кӯчаи Н. Мухсум 71/1) ва филиали Бонк дар шаҳри Хуҷанд (кӯчаи И. Сомонӣ 44) то соати 18:00 фаъолият мекунанд.

Дар ин вақт ва бо истифода аз фурсати мавҷуда кормандони Бонк ба мизоҷон бартариҳо ва аҳаммияти пардохтҳои ғайринақдиро фаҳмонида ва дархостҳои онҳоро оиди кушодани суратҳисобҳои кортӣ, додани кортҳо ва дигар амалиёти ҳаррӯза иҷро менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1-уми августи соли 2023 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми пардохтҳо, аз ҷумла пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ иҷро карда мешавад.

Ҷиҳати татбиқи Фармон як соат дарозтар кор мекунем — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот