Эълони тендер оиди таъмири идораҳо

06.02.2024

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) хоҳишмандонро барои иштирок дар тендер оиди таъмири идораҳои бонк вобаста ба корҳои дар зер қайдгардида, даъват менамояд:

  • таъмири дарунии биноҳо
  • корҳои электрикӣ
  • системаи камераҳои мушоҳидавй ва системаи бонги хатар
  • телефону интернет
  • системаи ҳавокашӣ ва кондесионер
  • мебелҳо ва пардаҳо (жалюзи)

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба АБМХ ба суроғаи дар зер қайдшуда ва рақамҳои телефонии зикргардиа муроҷиат намоянд.

Ҳамаи хоҳишмандон бояд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати 2 соат ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавобӣ, иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, равон намояд (варианти электронии пешниҳод бояд пурра бошад).

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронӣ бо гузоштани парол (дар рузи кушодани нархномаҳо паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони ив Роҳбари департаменти идоракунии хавфҳо +992 936000010 фиристонда мешавад) равон намоед. Вобаста ба рузи баррасии нархҳо ба воситаи почтаи электрони огоҳ карда мешавад.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 15-уми феврали соли 2024.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

 

Эълони тендер оиди таъмири идораҳо — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот