МУОСИРТАРИН ФИЛИАЛИ МО КУШОДА ШУД

20.11.2023

Субҳи имрӯз филиали нави ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҳусейнзода 10/1) ҷойгир аст, расман ба фаъолият оғоз кард.

Дар филиали нав зиёда 60 нафар мутахассисон, ки ҳар яки онҳо аз омӯзишҳои махсуси бонкӣ гузаштаанд, ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Дар маросими ифтитоҳ, раиси Бонк — Мирзосафар Сафаров нахуст ҳамаи кормандонро ба кушода гардидани филиал табрик намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Дар филиал технологияҳои нави замонавӣ ҷорӣ шуданд, ки тамоми намуди хизматрасониҳо ва равандҳои кориро куллан тағйир медиҳанд. Айни замон ин беҳтарин модел барои филиал мебошад ва дигар филиалҳо низ албатта, ба чунин модел гузаронида мешаванд. Ба ҳамаи мо ва хусусан ба кормандони филиали нав ин рӯз муборак бошад!»

Табдилдиҳии филиалҳо ба сохти замонавӣ, ки бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, яке аз стратегияҳои асосии Бонк мебошад. Бинобар ин, ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» тасмим гирифтааст, ки рушди худро мунтазам идома дода, дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ки фаъолият карда истодааст хизматрасонии баландсифат ва муосиртаринро пешниҳод намояд.

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» сокинони шаҳри Душанберо ба боздид аз филиали нав бо хизматрасонии балансифати бонкӣ ва ошноӣ бо маҳсулотҳои гуногуни Бонк даъват мекунад.

Мо бо камоли хушнудӣ мизоҷони нав ва мавҷудаи худро дар филиали нави замонавии худ интизорем.

Марҳабо ба филиали нави ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд».

Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ҳусейнзода 10/1 (наздики Хонаи матбуот).

 

МУОСИРТАРИН ФИЛИАЛИ МО КУШОДА ШУД — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот