ЗАМИМАИ НАВИ МОБИЛӢ: FMFB MOBILE — ОДӢ, ҚУЛАЙ ВА БЕХАТАР

01.12.2023

Роҳбарияти ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” бо хушнудӣ аз фаъол гардидани замимаи нави мобилии Бонк — FMFB MOBILE бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки зиёда аз 400 намуди амалиётро иҷро менамояд, хабар медиҳанд. Мизоҷон метавонанд, онро шуруъ аз 1-уми декабр ба телефони мобилии худ аз App Store ё Google Play боргирӣ намоянд. 

Бо пешниҳоди барномаи мазкур, “Аввалин бонки молиявии хурд” кӯшиш кардааст, барои мизоҷон заминае фароҳам оварад, ки то амалиётҳои бонкиро онлайн, осон ва қулай иҷро кунанд. Мизоҷон метавонанд, аз ин замима дар дилхоҳ вақт (24-соат) истифода баранд, то бидуни рафтан ба ягон филиал ва МХБ-и Бонк дар давоми ҳамагӣ чанд сония амалиётҳои бонкии худро анҷом диҳанд. Интерфейси корбарии ин барнома хеле сода тарҳрезӣ шудааст, то истифодаи он низ ба ҳамагон осон ва фаҳмо бошад.

Намуди виртуалии “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ҷайби шумо

Дар замимаи мобилӣ мизоҷон метавонанд, тамоми суратҳисобҳои худро идора кунанд, маҳсулоти нав кушоянд ва ба дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд. Қобилияти замимаи мобилии “Аввалин бонки молиявии хурд” хеле васеъ мебошад. Аз ин рӯ, FMFB MOBILE бо сохтор ва намуди муосири худ, метавонад ниёзҳои гуногуни мизоҷонро дар соҳаҳои гуногун қонеъ созад. FMFB MOBILE ба мизоҷон имкон медиҳад, ки ҳамеша дар ҷайби худ намои виртуалии “Аввалин бонки молиявии хурд”-ро дошта бошанд.

Дастрасии одӣ ба барномаи мобилии FMFB MOBILE

Намуди муосир, вале сода ва қулайи барномаи мобилии FMFB MOBILE ба мизоҷон барои зуд дастрас шудан ба бахши дилхоҳ мусоидат мекунад.

Шояд яке аз амалиётҳои серталаб ва зуд-зуд ба назар мерасида, дар ҳаёти ҳаррӯза ин интиқоли пул бошад, ки мизоҷон метавонанд, онро аз усулҳои гуногун, аз ҷумла байни суратҳисобҳо, аз корт ба корт ва ғайра тавассути FMFB MOBILE ба осонӣ интиқол диҳанд.

Пардохти харидҳо бо FMFB MOBILE

Мусаллам аст, ки мизоҷон ҳар рӯз аз мағозаҳои гуногун харид менамоянд. Аз ин рӯ, ба воситаи FMFB MOBILE мизоҷон метавонанд, амалиётҳои пардохти харидро бисёр осон иҷро кунанд.

Бо вуҷуди ин, вақт арзишманд аст ва табиист, ки мизоҷон ин равандро ҳар қадар зудтар анҷом диҳанд, ҳамон қадар вақт ва нерӯи онҳо сарфа мегардад. Инчунин, иҷрои амалҳо барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба воситаи FMFB MOBILE хеле осон ва қулай мебошанд.

Ҳамчунин, агар корти бонкии мизоҷон гум шавад, бо истифода аз ин барнома зуд ва бо осонӣ онро маҳкам карда метавонанд, то аз сӯистифодаи эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда шавад.

Мизоҷон метавонанд, замимаи мобилии FMFB MOBILE-ро ройгон ва бо истиноди мустақим ба талефони худ боргирӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо ва хизматрасониҳои он хабардор шаванд ва ҳаёти худро бо истифода аз он осон ва дигаргун созанд.

Ҳадафи аслии Аввалин бонки молиявии хурд осонӣ овардан ба мизоҷон аст. Пас, бо насб кардани барнома дар телефон ҳаёти худро осон, вақти худро сарфа ва суратҳисобҳои худро ҳамеша ба назорат бигиред.

FMFB MOBILE — сода, қулай ва бехатар!

ЗАМИМАИ НАВИ МОБИЛӢ: FMFB MOBILE — ОДӢ, ҚУЛАЙ ВА БЕХАТАР — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот