Эълони тендер оиди суғуртаи автомашинаҳо

11.01.2024

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) тендер оиди интихоби ширкат доир ба суғуртаи автомашинаҳои бонкро элон менамояд.

Аз ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ талаб карда мешавад, ки нархномаҳояшонро барои суғуртаи автомашинаҳо бо қайд кардани шарту шароитҳо, ба бонк пешниҳод намоянд.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати кутоҳтарин ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавобӣ иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳамаи бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, равон намояд.

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронии дар зер қайдгардида бо гузоштани парол, равон намоед (шакли электронии пешниҳод бояд пурра бо дар бар гирифтани бастаи ҳуҷҷатҳои зарури, бошад). Дар рузи кушодани нархномаҳо ба ширкатҳо занг зада шуда аз онҳо талаб карда мешавад, ки паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони Роҳбари департаменти идоракунии хавфҳо +992 936000010 равон намоед.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 18 январи соли 2024.

Тамос: 2-27-91-70; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди суғуртаи автомашинаҳо — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот