Дурнамои маркентинг дар Тоҷикистон. Баргузории Форуми минтақавӣ дар Душанбе бо иштироки мутахассисони варзида.

25.11.2023

Дурнамои маркентинг дар Тоҷикистон. Баргузории Форуми минтақавӣ дар Душанбе бо иштироки мутахассисони варзида

Дар шаҳри Душанбе (18-уми ноябр) бо иштироки мутахассисони номдори соҳаи маркетинг аз кишварҳои Русия, Белорусия, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон форуми минтақавӣ баргузор гардид, ки ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» сарпарасти расмӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар форум мутахассисони шинохтаи соҳаи маркетинг, аз ҷумла Алексей Радиванович, Алина Качанова, Дмитрий Музиченко, Юлия Чиж, Илнур Сигбатулин, Диёр Мирзаахмедов, Марина Бузабаева, Роман Никифоров, Сабина Рейнголд ва дигарон дар мавзӯҳои актуалии соҳа андешаронӣ намуданд. 

Дар он роҳҳои эҷод ва тавсеаи брендҳои машҳур, бартариятҳои маркетинги ҷаҳонӣ, таъсири PR ба гардиши фурӯш, махсусияти маҳсулот ва коммуникатсия аз таҷрибаи бозорҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, инноватсияҳои тиҷоратӣ бо Google: рушди рақамӣ ва трансформатсия, таъсири стратегияи бренд ба рушди тиҷорат ва бартариятҳои иштироки ширкатҳо дар фестивалҳои коммуникатсионӣ ва ғайра аз ҷониби матахассисон баррасӣ гардиданд. 

Ҳамчунин, дар Форум муҳокимаҳои панелӣ ва мастер-классҳо баргузор гардид, ки хеле ҷолиб буданд.

Форуми мазкур ба хотири мусоидат ба такмили малакаи маркетологҳо дар Тоҷикистон, инчунин, густариши ҳамкорӣ дар доираи ҷомеаи маркетингӣ ва наздик кардани мавқеи мизоҷон ва фурӯшандагон аз ҷониби Ассотсиатсияҳои таблиғоти Тоҷикистон ташкил ва барпо карда шуд.

Аввалин бонки молиявии хурд ба соҳаи маркетинг таваҷҷуҳи махсус дошта ва барои рушди он дар Тоҷикистон ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дурнамои маркентинг дар Тоҷикистон. Баргузории Форуми минтақавӣ дар Душанбе бо иштироки мутахассисони варзида. — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот