Ҳадяи китобҳои ҷолиб дар Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Хуҷанд

31.10.2023

Рӯзи 26-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд Фестивали саводнокии молиявӣ барпо гашт, ки дар он Аввалин бонки молиявии хурд сарпарасти расмӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар Фестивал Аввалин бонки молиявии хурд бозиҳои ҷолиби зеҳнӣ ташкил намуда, барои фаъолон ва ғолибони он китобҳои ҷолиб, ки дар бораи ҳаёти аҷиби сарватмандон, қоидаҳои калидии тиҷорат, роҳҳои ташкили тиҷорати муваффақ ва дурнамои он, рушди маънавиёт ва ғайра навишта шудаанд, тақдим намуд. Дар фестивал хонандагону донишҷӯён аз тамоми минтақаҳои вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Фестивали мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он мавзӯҳои ҷолиби диққат оид ба молия бо мақсади боло бурдани саводнокии иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳа низ баррасӣ карда шуд.

Дар охири Фестивал ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагон баргузор гардид.

Ҳадяи китобҳои ҷолиб дар Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Хуҷанд — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот