КОРТИ ОСОН – ин корти фардикунонидашудаи низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» мебошад, ки барои ҳамаи мизоҷони воқеӣ бо мақсади гирифтани интиқолҳои пулӣ ва пасандози воситаҳои пулӣ пешниҳод шудааст.

07.07.2023

КОРТИ ОСОН – ин корти фардикунонидашудаи низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» мебошад, ки барои ҳамаи мизоҷони воқеӣ бо мақсади гирифтани интиқолҳои пулӣ ва пасандози воситаҳои пулӣ пешниҳод шудааст. Корти мазкур ба мизоҷон имконият медиҳад, интиқолҳои воридшударо дар суратҳисоби бонкӣ ҳамчун пасандоз нигоҳ доранд ва воситаҳои худро дар реҷаи 24/7 бе навбат аз ҳама гуна банкомат ва ё нуқтаи пардохти пули нақдӣ дастрас намоянд. Инчунин, дорандагони кортҳо метавонанд, тавассути “КОРТИ ОСОН” дар нуқтаҳои савдою хизматрасон хариди молу хизматҳоро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон анҷом диҳанд.

Суратҳисоби бонкӣ танҳо тавассути системаи интиқоли маблағҳо пур карда мешавад.

Гирифтани пули нақд дар ҳамаи банкоматҳо бо сомонӣ ва нуқтаҳои пардохти пули нақди шабакаи КОРТИ МИЛЛӢ бо сомонӣ ва доллари ИМА.

Ба рақами мобилии мизоҷ, ки ба хизматрасонӣ пайваст мебошад, СМС-хабари ҳамаи амалиётҳои кортӣ равон карда мешавад. Инчунин, мизоҷ метавонад, бо роҳи  фиристодани калимаҳои зерин ба рақами  98 711 1515  маълумоти бақияи ҳисоб ва мини-иқтибосро дастарас карда, кортро дар реҷаи реалии вақт муҳосира намояд:

Бақия — balance / Мини-иқтибос – stm / Муҳосираи корт- deactivate

Дастрас намудани корт ройгон аст.

КОРТИ ОСОН – ин корти фардикунонидашудаи низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» мебошад, ки барои ҳамаи мизоҷони воқеӣ бо мақсади гирифтани интиқолҳои пулӣ ва пасандози воситаҳои пулӣ пешниҳод шудааст. — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот