Рӯзи ҷаҳонии пасандоз: Аз Мурғобу Ишкошим то деҳаи Фирӯзобаи ноҳияи Конибодом

03.11.2023

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии пасандоз 31-уми октябр бо паёму шиорҳои гуногун ва бо мақсади баланд бардоштани савияи молиявии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.

Аввалин бонки молиявии хурд бо ҷалби мутахассисони худ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пасандоз имсол дар минтақаҳои гуногуни кишвар – шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб, деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим ва деҳаи Фирӯзобаи ноҳияи Конибодом ба хонандагони мактаби миёна, ноҳияи Рашт ба донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва шаҳри Истаравшан ба донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр як силсила семинару омӯзишҳои ҷолиб баргузор намуд.
Дар семинар аз таърихи пайдоиши Рӯзи ҷаҳонии пасандоз то аҳамияти имрӯзаи он маълумот пешниҳод гардида, дар охир аз дониши иштирокчиён санҷиш гирифта шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Бонк ба иштирокчиёни семинар маҷмӯи маводҳо дар бораи Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ва ғайра тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии пасандоз (Word savings day) бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати молиявии ҷомеа оид ба пасандоз ва ба ин тариқ омӯзонидани роҳҳои сарфаи маблағ ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии пасандоз: Аз Мурғобу Ишкошим то деҳаи Фирӯзобаи ноҳияи Конибодом — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот