Омӯзиши «Малакаҳои роҳбарӣ ва зеҳни эмотсионалӣ»

25.09.2023

Рӯзҳои 1-2-уми сентябр дар маркази «GreenWoodHouse»-и шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарони филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва сардорони сохторҳои дигари Бонк омӯзиш (тренинг) баргузор гардид.

Дар омӯзиш тренери соҳибтаҷриба ва муваффақи Ҷумҳурии Қазоқистон — Людмила Серекбаева аз таҷрибаҳои беҳтари соҳа дар ҷаҳони имрӯз оиди муносибат бо кормандон, рушди шахсӣ, роҳҳои беҳтари идораи эҳсосоти худ ва дигарон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва ғайра маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи омӯзишӣ бар асоси гузориш ва тавсияҳои тадқиқоти ҷалби Gallup Q12 таҳия гардидааст.

Омӯзиши «Малакаҳои роҳбарӣ ва зеҳни эмотсионалӣ» — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот