Дар конфронси GERES

31.10.2023

19-уми октябр дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Иқдом баҳри ҳамбастагии иқлим (GERES) ва Агентии Фаронса оид ба рушд (AFD) конфронс оид ба “Паҳнкунии иқдомҳои таҷрибавӣ оид ба хонаҳои сабз дар Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи SIGHOT баргузор гардид, ки дар он кормандони Аввалин бонки молиявии хурд — Бежан Холиқназаров, директори департаменти қарзӣ ва Мирзоев Саломатшо, корманди шуъбаи қарзҳои хурд низ иштирок намуданд.

Конфронсро Элза Пигнол – сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид. Ҳамчунин, дар он Умарзода Улуғбек Хӯҷа – муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Квентин Моро — директори минтақавии GERES дар Осиёи Марказӣ, Ромен Крес — роҳбари барномаи EcoDev, Geres Фаронса ва дигарон иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Дар конфронс Аввалин бонки молиявии хурд соҳиби сертификати тавзеҳи қарзҳо оид ба Хонаҳои сабз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Иқдом баҳри ҳамбастагии иқлим (GERES) ҳамчун созмони байналмилалӣ оид ба рушд соли 1976 бо мақсади беҳтар намудани шароити зист ва мусоидат ба ҳифзи муҳити зист таъсис ёфтааст.

 

Дар конфронси GERES — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот