Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот дар шаҳри Бохтар

31.10.2023

Дар шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлон Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гашт.

Дар фестивал намояндагони филиали Аввалин бонки молиявии хурд дар шаҳри Бохтар низ бо муаррифии хизматрасониҳои Бонк иштирок намуданд. 

Фестивали мазкур дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардида, дар он раиси вилояти Хатлон — Давлаталӣ Саид, муовини вазири кишоварзӣ — Нигина Анварӣ ва намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ низ иштирок карданд.

Дар фестивал зиёда аз 800 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд, ки миёни онҳо бонувони соҳибкор ва ҳунарманд низ буданд.

Аввалин бонки молиявии хурд дастгирии занонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст. Баҳри дастгирӣ ва рушди соҳибкории бонувон Аввалин бонки молиявии хурд иқдоми қарзии  “Занони соҳибкор – 2023”-ро барои бонувони соҳибкор ва ширкатҳое, ки роҳбар ва муассиси он зан мебошад, бо 13 фоиз солона бо асъори хориҷӣ пешниҳод кардааст.

Дастгирии занон дар меҳвари фаъолияти мост — Аввалин бонки молиявии хурд!

Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот дар шаҳри Бохтар — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот