Эълони тендер оиди интихоби ширкат доир ба хариди таҷҳизоти компютерӣ ва хизматрасонии техникӣ

21.12.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) тендер оиди интихоби ширкат вобаста ба хариди таҷҳизотҳои компютерӣ ва пешниҳоди хизматрасонии техникӣ барои муҳлати кафолатӣ ва ғайри он эълон менамояд:

Айни ҳол барои бонк 20 адад лептоп бо тахасуссоти дар зер қайдгардида лозим мебошад:

21HD0051RT — Lenovo ThinkPad T14 Gen 4

i7-1355U, 10C (2P + 8E) / 12T, P-core 1.7 / 5.0GHz, E-core 1.2 / 3.7GHz

14″» WUXGA (1920×1200) IPS 400nits Anti-glare, 100% sRGB, Low Power

16GB Soldered DDR5-5200 + 16GB SO-DIMM DDR5-5200

512Gb SSD M.2 2280 PCIe® 4.0×4 Performance NVMe® Opal 2.0

 Windows® 11 Pro,

— муҳлати кафолати истеҳсолкунанда
— дастраскунӣ на зиёда аз 20 рӯз баъд аз имзои шартнома ва ё мувофиқи шартҳои дар шартнома дарҷгардида

Иштироккунандагон метавонанд дигар серияи лептопҳоро пешниҳод намоянд, аммо лептопҳо бояд аз силсилаи Т буда, тахассусоти лептопҳо аз тахассусоти дар боло қайдгардида бояд камтар набошанд.

Талаботҳои ширкат:

  1. Ширкат бояд сари вақт хизматрасонии техникӣ барои давраи кафолатии таҷҳизотро таъмин намояд ва ҳамчунон барои таҷҳизоте, ки кафолат надоранд хизматрасонии техникӣ анҷом диҳад;
  2. Сари вақт иваз кардани таҷҳизоти пастсифат ва вайронбуда;
  3. Дар хазинааш доштани қисмҳои эҳтиётӣ барои сари вақт иваз намудани қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти таъминшуда;
  4. Аз ҷиҳати молиявӣ устувор будан (қобилияти таъмини мол бидуни пардохти пешакӣ);
  5. Доштани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
  6. Доштани сертификати истеҳсолкунанда барои таъмири таҷҳизот;

Ширкатҳо метавонанд тахассусот, навъ, нарх, муҳлати дастраскунӣ ва дигар маълумотҳои зарурӣ барои ҳама навъи таҷҳизоти компютерӣ дар пешниҳоди тиҷоратии алоҳида қайд намуда барои баррасӣ аз тарафи бонк пешниҳод намоянд. Дар айни замон барои 20 адад лептоп бо тахассусот ва навъи дар боло қайдгардида пешниҳоди тиҷоратиро пешниҳод намоянд. Ҳамчунон барои хизматрасонии техникӣ пешниҳоди тиҷоратии алоҳида пешниҳод намоянд.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати кутоҳтарин ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавобӣ иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳамаи бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10 равон намояд.

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронии дар зер қайдгардида бо гузоштани парол, равон намоед (шакли электронии пешниҳод бояд пурра бо дар бар гирифтани бастаи ҳуҷҷатҳои зарури, бошад). Дар рузи кушодани нархномаҳо ба ширкатҳо занг зада шуда аз онҳо талаб карда мешавад, ки паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони Менеҷер оиди хавфҳои ТИ +992 938844373 равон намоед.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 28 декабри соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди интихоби ширкат доир ба хариди таҷҳизоти компютерӣ ва хизматрасонии техникӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот