Баргузории маҳфили ҷолиб бо иштироки олим ва адиби саршиноси кишвар — Абдуллоҳи Раҳнамо

22.01.2024

Дар Аввалин бонки молиявии хурд бо иштироки кормандони саридораи Бонк дар бораи асари безаволи “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров маҳфиле баргузор гардид, ки дар он олим ва адиби номдори кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо перомуни аҳамият ва ҷойгоҳи асари мазкур андешаронӣ намуд.

Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо бо муқоисаи баҳсҳои сиёсии ҷаҳон ва минтақа аҳамияти китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ ва муҳиммияти онро барои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик ба риштаи таҳлил кашид: “Китоби “Тоҷикон” баҳсҳои сиёсӣ, илмӣ, идеологӣ ва таърихӣ дар бораи будан ё набудани тоҷикон, таҳҷоӣ будан ё набудани ин халқ, ҳуқуқи давлат доштан ё надоштани он ва бузург будан ё набудани ин миллат нуқта гузошт. Китоби “Тоҷикон” асосан 4 нақшро дар таърихи мо бозӣ кард…

“Тоҷикон” асари фундаменталӣ дар бораи халқи тоҷик аст. Зеро он бо методологияи илмӣ ва бисёр дақиқ навишта шудааст. Дар китоб аз 2000 бештар манбаи илмӣ истифода гардидааст”.

Бояд гуфт, маҳфили мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии кормандони Бонк баргузор гардида, дар назар аст, ки минбаъд низ дар мавзӯҳои муҳимми дигар баргузор гардад.

Баргузории маҳфили ҷолиб бо иштироки олим ва адиби саршиноси кишвар — Абдуллоҳи Раҳнамо — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот