Баргузории семинар дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

04.03.2024

22-уми феврал Аввалин бонки молиявии хурд дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар семинар баргузор намуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар семинар “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ — кафили муваффақият” баҳри баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони Бонк таълим дода шуд. 

Баргузории семинар дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот