Эълони тендер оиди хариди генератор

13.03.2023

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) хоҳишмандонро барои иштирок дар тендер оиди хариди генератори аз 60 ква то 500 ква даъват менамояд ва хоҳишмандон метавонанд ҳама навъҳои генераторҳоро бо қайди навъ, тавонои, навъи муҳаррик, маблағи генераторҳо ва кишвари истеҳсолкунанда қайд намуда пешниҳод намоянд.

Ҳамаи хоҳишмандон бояд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати 2 соат ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавоби иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, равон намояд (варианти электронии пешниҳод бояд пурра бошад).

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронӣ бо гузоштани парол (дар рузи кушодани нархномаҳо паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони Менеҷер оиди хавҳои ТИ +992 938844373 фиристонда мешавад) равон намоед. Вобаста ба рузи баррасии нархҳо ба воситаи почтаи электрони огоҳ карда мешавад.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 17-уми марти соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди хариди генератор — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот