Дар меҳмонии Бонк

02.10.2023

Санаи 28-уми сентябр намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) — директори идоракунандаи муассисаҳои молиявӣ дар БАТР,  Франсис Малиж, директор оид ба низомҳои молиявии сабз дар Департаменти стратегияи иқлим ва тақсимоти БАТР, хонум Майя Хеннеркес ва дигар намояндагони расмии он аз бинои нави филиали Бонк дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (филиали Шевченко), ки дар рузҳои наздик ифтитоҳ хоҳад шуд дидан намуданд.

Меҳмононро раиси Бонк – Мирзосафар Сафаров ва роҳбарони департаменту идораҳои Бонк истиқбол намуда, аз шароити бинои нави филиал, ки ба тарзи модерн бо технологияҳои навтарини соҳа бунёд шудааст, шинос намуданд.

Франсис Малиж ба дафтари меҳмонони фахрии Бонк соядаст гузошта, хушнудиашро аз ташриф ба бинои нави филиал изҳор намуд.

Дар меҳмонии Бонк — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот