ҚАРЗ БАРОИ ХАРИДИ НАҚЛИЁТ
Маҳсулоти мазкур барои ҳамаи кормандоне, ки дар муассисаҳои давлатӣ ё хусусӣ кору фаъолият менамоянд ва инчунин ба соҳибкорони хурду миёна (барои истифодаи шахсӣ) пешбинӣ шудааст.
Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо
Маблағи минималӣ: Ҳамарзиши USD 500 бо Сомонӣ
Маблағи максималӣ: Ҳамарзиши USD 30,000 бо Сомонӣ
Асъор: Сомонӣ
Мӯҳлати минималӣ: 1 моҳ
Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ
Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 1 моҳ
Саҳми қарзгиранда:
20% — барои нақлиётҳои нав (бо нишондоди масофаи на зиёда аз 1 ҳазор км.)
30% — барои нақлиётҳои истифодашуда
Зомин:
Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз ҳамарзиши 2 000 Доллари ИМА бо Сомонӣ зомин талаб карда мешавад;
Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз ҳамарзиши 4 000 Доллари ИМА бо Сомонӣ зомин талаб карда мешавад;
Гарав:
Нақлиёти харидшаванда (суғурташуда) ё амволи ғайриманқул.
- То ҳамарзиши USD 10,000 бо сомонӣ – бо суғуртаи давлатӣ;
- Зиёда аз ҳамарзиши USD 10,000 бо сомонӣ – бо суғуртаи ширкати BIMA.
Фоизҳои қарзӣ:
Электромобил – 22%
Дигар намудҳои нақлиёт – 24%
Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ
Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи бақияи қарз
Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет
Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.
Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ:
- Ин маҳсулот танҳо барои хариди нақлиёти шахсӣ пешбинӣ шудааст;
- Намуди нақлиёт маҳдудият надорад;
- Маблағи қарз аз арзиши нақлиёт бо тарҳ кардани саҳми мизоҷ, бояд зиёд набошад;
- Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
- Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
- Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
- Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
- Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
- Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.