Суғуртаи пасандозҳо

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.

Ҳадафи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.

Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад. Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) фаъолият менамояд. Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ-узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амал менамояд.

Мақсадҳои Хазина инҳоянд:

  • Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
  • Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Пардохти ҷубронпулии суғурта

Пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди бонк-агент, ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда, инчунин дар сомонаи расмии Хазина www.idif.tj ҷойгир карда мешавад.

Пардохтҳои ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо на дертар аз 14 рӯзи тақвимӣ пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ оғоз мегардад. Пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути бонк-агент дар асоси аризаи пасандоздор, дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад.

Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздор (аризадиҳанда) бояд дар давоми як сол аз рӯзи рух додани ҳолати суғурта ба бонк-агент муроҷиат кунад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

  • Ариза дар шакли муқарраршуда (ба пасандоздор дар бонк-агент пешниҳод мегардад);
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
  • Шартномаи пасандози бонкӣ;
  • Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.

 

Тартиби маълумотдихи ТК (12 12 2019)-2

Тасдикнома дар бораи узвият суғурта