Ҳуқуқҳои мизоҷон

Ҳуқуқҳои мизоҷон

1. Қарздории аз ҳад зиёд
Дар мавриди интихоб кардани хизматрасониҳо, Шумо ба пешниҳод кардани кӯмакҳо ҳуқуқ доред. Ба хотири роҳ надодан ба қарздории аз ҳад зиёди Шумо, кормандони Бонк барои Шумо маълумоти пурра ва дақиқро дар бораи нархҳо пешниҳод намоянд, ҳамчунин вазъияти молиявии Шуморо ба ҳисоб гирифта, хизматрасонии мувофиқро барои Шумо интихоб намоянд.

2. Шаффофияти максималӣ дар вақти муайян кардани нархҳои хизматрасонӣ
шумо хуқуқ доред, ки аз хизматрасонӣ, арзиши он, фоидае, ки Шумо мебоист аз он гиред, шартҳои, ки дар асоси он хизматрасонӣ пешкаш карда мешавад, ҳамчунин маълумотҳое, ки аз Шумо барои гирифтани хизматрасонӣ талаб карда мешавад, дастрас намоед.
Тамоми пардохтҳо аз ҷониби мизоҷон дар асоси тарафаҳои хизматрасонии бонк, ки ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаҳои бонки мебошад, бояд анҷом дода шаванд. Пардохтҳои берун аз доираи ин талаботҳо (тарофаҳои хизматрасони ва шартномаҳои бонкӣ) аз ҷониби мизоҷон бояд амали нагардад.

3. Ҳалли мушкилотҳо вобаста ба пардохти маблағи қарз
Дар мавриди рӯй додани вазъияти ғайричашмдошт, ки ба ҳолати молиявии Шумо таъсири манфӣ мерасонад, Шумо ҳуқуқ доред, ки ба Бонк барои дида баромадани шартҳои пардохти маблағи қарз муроҷиат намоед. Бонк чунин дархостҳоро фақат дар мавридҳои махсус дида мебарояд ва пас аз таҳлили ҳаматарафа, дар бораи шартҳои нави пардохти маблағи қарз бо Шумо гуфтушунидҳоро анҷом медиҳад.

4. Хизматрасонӣ бо сифати баланд
Дар вақти ба Бонк барои хизматрасониҳо муроҷиат кардан, Шумо ба хизматрасонии босифати кормандони Бонк ҳуқуқ доред. Шумо ҳамчунин ҳуқуқ доред, ки дар бораи ҳар гуна сӯстеъмол ва амалиётҳои ғайриқонунии кормандони Бонк, аз он ҷумла истифодаи ҳар гуна чораҳои маҷбуркунӣ, инчунин ҳар гуна шаклҳои зоҳиршавии фасодкорӣ ба роҳбарияти Бонк тавассути телефони боварӣ (992 37) 224-11-25, (992 37) 224-22-07, (992 37) 228-93-14 (иловаги 151), почтаи электронӣ report.corruption@fmfb.com.tj) хабар диҳед.

5. Махфият
Шумо ҳуқуқ доерд, ки махфияти маълумотҳои шахсии хешро, ки Бонк барои ба расмият даровардани дархости қарзии Шумо гирифта буд нигоҳ доред. Маълумотҳои шахсии Шумо ба шахси сеюм фақат бо розигии Шумо ё дар ҳолати талаб кардани онҳо аз ҷониби суд ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд.

Ӯҳдадориҳои Мизоҷон

1. Қарздории аз ҳад зиёд
Шумо бояд кафолат диҳед, ки ӯҳдадориҳои молиявии Шумо дар тамоми давраи ҳамкорӣ бо Бонк аз даромадҳои Шумо зиёд намешаванд, ки ин яке аз омилҳои муҳими дучор нагардидани Шумо ба қарздории аз ҳад зиёд мебошад.

2. Ростқавлӣ ва росткорӣ
Шумо вазифадоред, ки дар вақти интихоб намудани хазматрасониҳо ба кормандони Бонк дар бораи вазъияти молиявии маълумотҳои пурра ва дақиқ пешниҳод намоед. Шумо бояд боварӣ пайдо намоед, ки ҳамаи шартҳо ва шароитҳои, ки дар асоси онҳо хизматрасонӣ пениҳод карда мешавад, дуруст ва пурра фаҳмидед.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда/пардохти саривақтӣ
Тамоми амалиётҳо бо мизоҷон бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба роҳ монда шавад (расиди воридот ва расиди хароҷот). Бе пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо қонуни будани даъвоҳои мизоҷон асоси ҳуқуқи надорад ва аз ҷониби бонк қабул карда намешаванд.
Шумо вазифа доред, ки ҳамаи талаботҳои Бонкро дар асоси шартномаи бо Шумо басташуда иҷро намоед ва пардохти саривақтии ӯҳдадориҳои худро қатъиян дар асоси ҷадвале, ки дар шартнома нишон дода шудааст, таъмин намоед. Дар ҳолати сари вақт пардохт накардани қарз, Бонк ҳуқуқ дорад, ки нисбати Шумо даъвои судӣ эълон намояд ва ҳатто амволи ба гарав гузошташудаи Шуморо ба фурӯш гузорад.

4. Амалҳои ғайриқонунӣ
Шумо вазифадоред, ки ба роҳбарияти Бонк тавассути телефони боварӣ (992 37) 224-11-25, (992 37) 224-22-07, (992 37) 228-93-14 (иловаги 151), почтаи электронӣ report.corruption@fmfb.com.tj) дар бораи ҳар гуна сӯистеъмол ва амалиётҳои ғайриқонунии корнмандони Бонк, аз он ҷумла истифодаи ҳар гуна чораҳои маҷбуркунӣ, инчунин ҳар гуна шаклҳои зоҳиршавии фасодкорӣ хабар диҳед.

5. Ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷоя
Бонк аз Шумо хоҳиш менамояд, ки дар тамоми давраи ҳамкорӣ батадриҷ юо кормандони Бонк барои муҳокима намудани давраҳои гуногуни амалӣ намудани нақшаи кории Шумо дар алоқаи доимӣ бошед.