Суғуртаи амонатҳо

Раванди суғуртаи амонату пасандозҳо дар Тоҷикистон

Низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳо боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Ин соҳаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» танзим мекунад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳоро муқаррар карда, ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздоронро ҳимоя менамояд.

Дар соҳа мафҳумҳои суғурта, ҳолати суғуртавӣ, ташкилотҳои қарзӣ, бонки мутавассит, пасандоз, пасандоздор, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, пасандозҳои суғурташуда, касри Хазина,  пардохтҳо, ҷубронпулии суғурта, амонат, низоми суғуртаи амонату пасандозҳо истифода мешавад, ки шарҳи онҳо дар қонуни мазкур (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо») оварда шудааст.

Суғурта —  ин яъне муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ аст.

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ҳамчун ташкилоти қарзӣ баъзе аз амалиётҳои бонкии дар Қонун пешбинишударо иҷро менамоянд. Аз рӯйи меъёр принсипҳои асосии суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ инҳо мебошанд:

— — ҳатмӣ будани узвият ба Хазина барои ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи ҷалби амонату пасандозҳоро доранд;

— шаффофияти суғурта кардани амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ.

Мақоми ҳуқуқии Хазина

Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва дорои тавозуни мустақилу муҳр буда, дар асоси оинномаи худ, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.

Маҳалли ҷойгиршавии Хазина:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025 шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2. Сомона: www.idif.tj, Телефон барои маълумот: +992 44 600-32-45, Почтаи электронӣ: info@idif.tj

Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:

 

— ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта тибқи Қонуни мазкур;

— таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пасандоздорон ҳуқуқ доранд:

— ҷубронпулии суғуртаро аз рўи амонату пасандозҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур гиранд;

 — тибқи дархост аз ташкилоти қарзӣ ва Хазина дар бораи узвият ба Хазина ва дар бораи дараҷаи суғуртаи амонату пасандозҳо, ки Хазина барои амонату пасандозҳо муқаррар намудааст, маълумот дастрас намоянд;

— ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ аз вай пардохти фарқияти байни маблағи амонату пасандози ибтидоӣ бо фоизҳои то охири рўзи ҳолати суғуртавӣ ҳисобшуда ва ҷубронпулии пардохтшудаи суғуртаро талаб намоянд.

Тартиби ҷуброни пули суғуртаи амонату пасандозҳо:

  1. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳои суғурташударо дар ташкилоти қарзӣ ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад;
  2. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз андозаи дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда пардохт карда мешавад;
  3. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад;
  4. Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад;
  5. Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рўи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рўзи ба вуқўъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд;
  6. Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад;
  7. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби амонату пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад;
  8. Агар яке аз падару модар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани амонату пасандозҳои суратҳисоби кўдаки ноболиғро дошта, манфиати кўдаки ноболиғ дар созишномаи амонату пасандоз бо ташкилоти қарзӣ зикр шуда бошад, дар ин ҳолат ҷубронпулии суғурта барои кўдаки ноболиғ дар асоси боварӣ ба падар ё модар пардохт карда мешавад. Ин амонату пасандоз аз ҳар гуна дигар суратҳисобе, ки кўдаки ноболиғ манфиатдори он мебошад, алоҳида ҷуброн карда мешавад;
  9. Агар васӣ ё парастор ҳуқуқи ихтиёрдории ҳисоби амонату пасандозро дошта, манфиатдори ҳисоби амонату пасандоз дар созишномаи амонату пасандоз бо ташкилоти қарзӣ нишон дода шуда бошад, он гоҳ ин гуна шахс ҳуқуқ дорад ҷубронпулии суғуртаро бо боваринома барои шахсе, ки манфиатдори ҳисоби амонату пасандоз аст, гирад ва ин гуна амонату пасандоз аз ҳар гуна ҳисоби дигаре, ки манфиатдор дорад, алоҳида ҷуброн карда мешавад;
  10. Маблағи суратҳисобҳои амонату пасандози падару модар, васиҳо ва парасторон, ки дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур зикр шудаанд, аз маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳое, ки ба онҳо шахсан мансубанд, алоҳида ҷуброн карда мешаванд;
  11. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби амонату пасандоз ҳамчун як амонату пасандоз дониста, то рўзи пардохти амонату пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо, агар бошанд, бояд алоҳида ҷуброн карда шавад;
  12. Барои амонату пасандозҳои суғурташуда, ки аз рўи шартҳои онҳо муҳлати пардохт дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ фаро нарасидааст, муҳлати пардохт дар ҳамин рўз фарорасида ҳисобида мешавад;
  13. Барои пардохти ҷубронпулии суғурта Хазина метавонад бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии хазинавӣ созишнома бандад;
  14. Шахсе, ки аз пасандоздор ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандозро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ аз рўи чунин амонату пасандоз ҳуқуқ надорад, ба истиснои шахси воқеие, ки ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандози аз рўи он ба пасандоздор ҷубронпулӣ пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст. Меросхўр ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳои пасандоздори фавтида, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз лаҳзаи ба меросхўр додани шаҳодатномаи дахлдори ҳуқуқ ба мерос ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ў ба мерос ё ҳуқуқи истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, истифода барад;
  15. Ҳангоми бо тартиби мерос ба якчанд шахс гузаштани ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандози пасандоздор баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ҳар яке аз онҳо ҳуқуқ ба қисми ҷубронпулии ба пасандоздор пардохтнашударо ба андозаи баробар ба ҳуқуқи соҳибшудаи ў барои талаб кардани амонату пасандози мазкур соҳиб мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба меросхўр аз рўи амонату пасандози мазкур аз пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамон меросхўр аз рўи амонату пасандозҳои дигар вобаста намебошад. Андозаи умумии пардохтҳо ба ҳамаи меросхўрон аз рўи амонату пасандозе, ки ҳуқуқи талаб кардан ба он бо тартиби мерос гузаштааст, бо андозаи ниҳоии ҷубронпулӣ аз рўи амонату пасандози муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маҳдуд карда мешавад;
  16. Андозаи ҷубронпулӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудааст, давра ба давра, вале на камтар аз як маротиба дар се сол бо назардошти раванди рушди низоми бонкию молиявӣ ва иқтисодии кишвар, дар сурати зарур шуморидан аз нав дида баромада мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961).

Қоидаҳои умумии пардохти ҷубронпулии суғурта:

  1. Пасандоздор ё намояндаи ў ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли пас аз рӯзи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 14 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба вай муроҷиат кунад;
  2. Хазина дар давоми панҷ рўзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва баъди аз ташкилоти қарзӣ гирифтани маълумоти пурра оид ба уҳдадориҳо дар назди пасандоздорон дар бораи ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғуртаи амонату пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор намуда, нусхаи онро ба ташкилоти қарзӣ ирсол менамояд;
  3. Хазина на дертар аз 14 рӯзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор оғоз менамояд. Санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор метавонад аз ҷониби Хазина дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад;
  4. Бо дархости пасандоздор Хазина маълумотеро, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, фавран ба вай пешниҳод менамояд;
  5. Хазина ба пасандоздор дар давоми панҷ рўзи баъди гирифтани дархост барои пардохти ҷубронпулии суғурта, беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби амонату пасандоз, инчунин бақияи ҳисобҳо ва фоизҳои ҳисобшударо дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва ҷубронпулии суғурта пешниҳод менамояд;
  6. Хазина ҷубронпулии суғуртаро дар давоми даҳ рўзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ба пасандоздор пардохт карда, дар ин бора ташкилоти қарзиро хабардор мекунад;
  7. Агар Хазина дар давоми даҳ рўзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ҷубронпулии суғуртаро пардохт накунад, он гоҳ Хазина барои маблағи пардохтнашуда аз рўи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон то рўзи пардохти ҷубронпулӣ фоиз пардохт мекунад;
  8. Ҷубронпулии амонату пасандозҳо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдина ва ғайринақдина тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад;
  9. Интиқоли амонату пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳамчун иҷрои пурраи уҳдадориҳои Хазина дар назди пасандоздорони ҳамин ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад;

Маслиҳатҳои муфид ба пасандоздорон

 

 

  1. Ташкилоти қарзиеро, ки дар он мехоҳед пасандоз гузоред озмуда бароед

Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед пасандоз гузоред узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аст. Барои ин Шумо метавонед ба суроғаи мазкури сомонаи расмии Хазина ворид шавед ва ташкилотҳои қарзиро дар рӯйхати иштирокчиён пайдо кунед.

  1. Маълумоти шартномаи пасандозиро аз назар гузаронед

Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.

  1. Дар хотир гиред, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:

– пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ пасандоздор ҳуқуқ дорад;

– пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;

– пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;

– пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;

– пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;

– пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;

– пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;

– пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;

– пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.

– пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

  1. Хавотир нашавед ва дар хотир доред

Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:

– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;

– дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.