МАҲСУЛОТИ ҚАРЗИИ “МОЛ БО ҚАРЗ”

Маҳсулоти мазкур барои доираи васеи соҳибкорони хурду миёна, деҳқонон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ пешниход карда мешавад.

Маҳсулоти қарзии “мол бо қарз” барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни мизоҷон ба монанди хариди молҳои истеъмолӣ ва пардохти ҳаққи хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Маблағи минималӣ: 20 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Маблағи максималӣ: 2 000 Доллари ИМА ва  ҳамарзиши он бо сомонӣ

Асъор: Доллари ИМА ва Сомонӣ

Мӯҳлати минималӣ: 3 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 18 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: Пешбинӣ нашудааст

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Зомин: Талаб карда намешавад

Гарав: Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав

Фоизҳои қарзӣ: 0%

Ҳаққи хизматрасонӣ: Ҳаққи хизматрасони мувофиқи шартнома бо ҳар як фурӯшанда муайян карда мешавад.

Усули пардохти қарз: Маблағи асосии қарз ҳармоҳа баробар пардохт карда мешвад.

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  2. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз, ситонидани маҷбурии қарз ба роҳ монда мешавад.