ҚАРЗ ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРӢ БО ФОНДИ ҶАМЪИЯТИИ “СОҲИБКОРӢ ВА РУШД” (ACCELERATE PROSPERITY)

Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва Рушд” (Accelerate Prosperity) як ташаббуси нави глобалии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд мебошад. Вазифаи ин муассиса аз он иборат аст, ки соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳуриро барои рушди соҳибкорӣ дастгирӣ намояд. Таваҷҷуҳи махсус ба занон ва ҷавонон дар минтақаҳои наздишаҳрӣ ва деҳот дода мешавад.

Дар доираи ин ташаббус ба соҳибкорон кумаки молӣ ва ғайримолӣ расонида мешавад, ки дар натиҷа хавфҳои соҳибкориро коҳиш дода, имкониятҳои рушдро беҳтар менамояд ва ҷойҳои корӣ ташкил менамояд.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Кӣ метавонад дар барнома иштирок намояд:

  • Соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкорони нав (стартапҳо).

Таваҷҷуҳи махсус дода мешавад ба:

  • Корхонаҳое, ки потенсиали баланди рушд доранд;
  • Корхонаҳое, ки пешомадҳои назарраси ҷойҳои корӣ (махсусан барои занон) доранд;
  • Занони соҳибкор ва соҳибкорони нав (стартапҳо);
  • Корхонахое, ки ба савдои наздисарҳадӣ ва ба содирот машуланд.

Барнома дар ҷустуҷӯи ғояҳои инноватсионӣ ва пешрафт дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мебошад ва ба соҳаҳои зерин диққати махсус медиҳад:

  • Маориф ва тандурустӣ;
  • Соҳаи хизматрасонӣ;
  • Кишоварзӣ;
  • Технологияи Информатсионӣ ва энергияи сабз;
  • Соҳаи сайёҳӣ;
  • Соҳаи истеҳсолот ва эҷоди занҷирҳои арзиши иловагӣ.

Соҳаҳое, ки дар барнома иштирок намекунанд:

  • Соҳаи савдо;
  • Истеҳсол ё фурӯши машрубот ё тамоку;
  • Сохтмони биноҳо ва марказҳои савдо;

Афзалияти барнома

  • Номзадҳои интихобшуда аз омӯзиши махсус мегазаранд ва бо мураббиёни алоҳида таъмин карда мешаванд.

Талаботҳои қарз

Қарзи стандартӣ: 

  • Маблағи қарз: то 50,000 доллари ИМА (эквиваленти он бо сомонӣ);
  • Мӯҳлати қарз: то 48 моҳ;
  • Асъори қарз: бо сомонӣ ва доллари ИМА;
  • Мӯҳлати имтиёзӣ: то 6 моҳ;
  • Намуди пешниҳоди қарз: нақдӣ ва ғайринақдӣ;
  • Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат иҷозат дода шудааст;
  • Фоизи солона: Сомонӣ – 6%*, Доллари ИМА – 6%*;
  • Ҳаққи хизматрасонӣ: 1%
  • Гарав: амволи манқул, амволи ғайриманқул, як зомин.
  • Усули пардохт: моҳона, аннуитет

Хати қарзӣ:

  • Маблағи қарз: то 20,000 доллари ИМА (эквиваленти он бо сомонӣ);
  • Мӯҳлати қарз: то 12 моҳ;
  • Асъори қарз: бо сомонӣ ва доллари ИМА;
  • Мӯҳлати имтиёзӣ: надорад;
  • Намуди пешниҳоди қарз: нақдӣ ва ғайринақдӣ;
  • Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат иҷозат дода шудааст;
  • Фоизи солона: Сомонӣ – 6%*, Доллари ИМА – 6%*;
  • Ҳаққи хизматрасонӣ: 1%
  • Гарав: амволи манқул, амволи ғайриманқул, як зомин.

* Маълумотро дар бораи шартҳо ва механизми гирифтани қарз бо фоизи самараноки тақрибан 6% дар офисҳои Accelerate Prosperity ё тавассути телефони (+992) 93 777 0775 дастрас кардан мумкин аст.

Марҳилаҳои Барнома:

МАРҲИЛА Муҳлат (моҳ) Мақсадҳо
ИНКУБАТСИЯ 1 Баланд намудани савияи дониши соҳибкорон дар мавзуҳои пеш бурдани тиҷорат
АКСЕЛЕРАТСИЯ 3 Тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ ва презентатсия
МАБЛАҒГУЗОРӢ 1 Тартиб намудани шартномаҳои қарзӣ, гаравӣ ва зоминӣ
ПОСТИНВЕСТМЕНТ Давоми муҳлати қарз Ёрии техникӣ (маркетинг, баҳисобгирӣ ва ғ.)