Қарзҳои кишоварзӣ

Мақсади қарз

Ин маҳсулот маҳз барои деҳқонон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корпаративҳои истеҳсолӣ, ки ба фаъолиятҳои кишоварзӣ машғуланд, пешбинӣ шудааст, аз ҷумла зироаткорӣ ва чорводорӣ. Инчунин барои хариди воситаҳои ғайри гардон барои соҳаи кишоварзӣ, коркарди ҳосил, рушди фаъолият ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ ва беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил.

Барои маълумот оиди тарофаҳои бонк аз рӯи ин намуди маҳсулот хоҳиш мекунем ба ҷадвал нигаред.

Талаботҳои умумӣ

  • Маблағи қарз: то 1,100 000 сомонӣ;
  • Мӯҳлати қарз: то 48 моҳ;
  • Асъори қарз: танҳо бо сомонӣ;
  • Мӯҳлати имтиёзӣ: то 9 моҳ.

Таъминокии қарз

  • То 20 000 сомони бе гарав ва бе зомин барои мизоҷони стандарти;
  • То 30 000 сомони бе гарав ва бе зомин барои мизоҷони гуруҳи бартаринок ва намунави;
  • То 50 000 сомонӣ гарави манқул ва як зомин;
  • Зиёда аз 50 000 сомонӣ гарави ғайриманқул ва як зомин.