Суратхисоби чори

Ин маҳсулот ба шахсони ҳуқуқӣ барои истифодабарии пули нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва иҷрои  амалиётҳои молиявии ҳаррӯзаи онҳо пешниҳод шудааст.

Шартҳо:

  • Амонат ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат ҳам дар шакли нақд ва ҳам дар шақли ғайринақдӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат бо мӯҳлати номуаян қабул карда мешавад;
  • Маблағи фоизӣ аз рӯи амонат пардохт карда намешавад;

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Дархост ва саволнома барои кушодани суратҳисоби бонкӣ (варақаи бонкӣ);
  • Шарномаи суратҳисоби бонкӣ (варақаи бонкӣ)
  • Корти имзо (варақаи бонк);
  • Нусхаи шиносномаи тамоми тарафҳо;
  • Сертификати қайди давлатӣ ва ҳисобот барои қайди ягонаи давлатӣ;
  • Маълумотномаи андоз ва РМА;

Афзалиятҳо:

  • Ҷои бехатар ва боэътимод бораи нигоҳ доштани пул, бонке, ки саҳомони эътирофшудаи байналмиллалӣ дорад;
  • Дастрасии осон ба маблағҳо дар ҳамаи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии АБМХ, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон;
  • Интиқоли осони маблағ аз суратҳисоби мизоҷ ба дигар суратҳисобҳо;