ҚАРЗ БАРОИ ТАҲСИЛ

Маҳсулоти мазкур барои пардохти маблағи таҳсил дар донишгоҳ, донишкада, колеҷ, мактаб ё марказҳои омӯзишӣ пешбинӣ карда шудааст.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Маблағи минималӣ: 900 Сомонӣ

Маблағи максималӣ: 20 000 Сомонӣ

Асъор: танҳо бо Сомонӣ

Мӯҳлати минималӣ: 3 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 12 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: Пешбинӣ нашудааст

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Зомин: Талаб карда намешавад

Гарав: Талаб карда намешавад

Фоизҳои қарзӣ: 20% солона

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Ба донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ҳамаи имтиҳонҳоро месупоранд, 1% тахфиф пешбинӣ шудааст;
  2. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи молия, бонкдорӣ ё IT таҳсил менамоянл, бо истифода аз ин маҳсулот имконияти дар филиалҳои Бонк ё Саридора гузаштани таҷрибаомӯзӣ пайдо менамоянд;
  3. Даромад аз ҳисоби интиқоли маблағ низ ҳамчун манбаи даромад барои пардохти қарз ба инобат гирифта мешавад;
  4. Маблағи қарз бояд тибқи шартнома ё ҳисобнома ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ гузаронида шавад;
  5. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  6. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз ба роҳ монда мешавад.