Ҳамкорӣ бо “Good Neiqhbors International”

05.04.2024

Тӯли чанд сол аст, ки ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” бо Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи “Good Neiqhbors” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

“Good Neighbors” созмони башардӯстона буда, дар дастгирии иқтисоди сабз лоиҳаҳои гуногунро амалӣ менамояд. Яке аз ҳадафҳои он дастгирии соҳибкории хурд, бахусус занони соҳибкор тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аст.

Ҳоло, Бонк барои дастгирии соҳибкории хурд, ки ба рушди иқтисоди сабз дар кишвар мусоидат мекунад, дар ҳамкорӣ бо Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи “Good Neiqhbors” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи имтиёзноки “Сабз”-ро роҳандозӣ намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо Good Neighbors лоиҳаҳои байналмилалии рушдро дар зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон амалӣ мекунад.

Муфассал: 0909

Ҳамкорӣ бо “Good Neiqhbors International” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот