Конфронси солона оиди натиҷаҳои молиявӣ ва стратегияи Аввалин бонки молиявии хурд

05.06.2023

3-4-уми июн дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси солона оиди натиҷаҳои молиявӣ ва стратегияи Аввалин бонки молиявии хурд баргузор гардид, ки дар он роҳбари Бонк – Мирзосафар Сафаров, муовину сардорони департамент ва шуъбаҳо, дигар намояндагони раёсат ва роҳбарони филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

Давоми ду рӯз иштирокчиёни конфронс, аз ҷумла мушкилиҳо, камбудиҳои ҷойдошта, пешрафту фарҳанги корӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуда, дурнамои фаъолият ва стратегияи минбаъдаи Аввалин бонки молиявии хурдро муайян намуданд.

Дар конфронс ҳамчунин, беҳтаринҳо бо мукофотҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.

Рӯзи охири конфронс баҳри тафреҳ, аз ҷониби сарояндаи саршиносу хушноми кишвар Далер Назаров ва ансамбли ӯ бо иҷрои зинда консерти хотирмоне баргузор карда шуд.

Конфронси солона оиди натиҷаҳои молиявӣ ва стратегияи Аввалин бонки молиявии хурд — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот