Аз Мурғоб то Рашт. Баргузории семинарҳои ҷолиби саводнокии молиявӣ

05.06.2024

Семинарҳои навбатии Бонк дар дораи барномаи «Саводнокии молиявӣ» моҳи май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Мурғоб (рӯзи 23-юми май), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (рӯзи 20-уми май) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (рӯзи 16-уми май) баргузор гардиданд.

Мутахассисони ботаҷрибаи Бонк баҳри рушди тафаккури иқтисодии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои мазкур дар бораи «Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ», «Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ», «Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ» ва «Саводнокии молиявӣ — кафили муваффақият» маълумот дода, бозиҳои ҷолиб ташкил намуданд.

Дар семинарҳои саводнокии молиявӣ, ки аз ҷониби БМТ барномарезӣ гардидааст, барои иштирокчиён маводҳои гуногун, аз ҷумла тӯҳфаҳои брендии Бонк тақдим гардиданд.

Итминони комил дорем, ки баланд бардоштани савияи молиявии аҳолӣ, на фақат ба ҷомеаи пешрафта, балки иқтисод ва шукуфоии кишвар заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Аз Мурғоб то Рашт. Баргузории семинарҳои ҷолиби саводнокии молиявӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот