Қадрдонии ҳайати кории “Қарзи фаврӣ”: Гирифтани қарз бо FMFB Mobile

07.06.2024

Бонк усули наве бо номи “Қарзи фаврӣ” (QuickLoan)-ро ҷорӣ намуд, ки барои беҳтар намудани таҷрибаи қарздиҳӣ тавассути рақамикунонии хизматрасониҳо – ҳамёни электронӣ (FMFB Mobile) ва кортҳои пардохтии бонкӣ бидуни ташриф овардан ба Бонк пешбинӣ гардидааст.

“Қарзи фаврӣ” дар қадамҳои аввал барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти молиявӣ ва ҳавасманд намудани кормандони ширкатҳое, ки бо Бонк дар лоиҳаи музди меҳнат ҳамкорӣ доранд, пешниҳод карда мешавад.

Раиси Бонк – Мирзосафар Сафаров гурӯҳи корбарони “Қарзи фаврӣ”-ро барои амалӣ намудани ин иқдоми беназир қадрдонӣ намуда, ҳар яки онҳоро бо сипоснома сарфароз гардонид.

Хушҳолона иброз медорем, ки дар оянда ин усули нав барои ҳамаи мизоҷон дастрас хоҳад шуд.

Бояд гуфт, “Қарзи фаврӣ” (QuickLoan) ба мизоҷон имконият медиҳад, ки дар вақти муносиб бе ташриф овардан ба Бонк бо FMFB Mobile ва кортҳои пардохтии бонкӣ ба қарз зуд дастрасӣ пайдо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз усулҳои рақамикунонии раванди қарздиҳӣ ин пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ тавассути ҳамёни электронӣ ва кортҳои пардохтии бонкӣ бидуни зарурати ташриф овардан ба муассиса мебошад.

Қадрдонии ҳайати кории “Қарзи фаврӣ”: Гирифтани қарз бо FMFB Mobile — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот